Эрдуғон аз ҳамлаи террористӣ наҷот ёфт
Хадамоти вижаи Туркия бомберо, дар шаҳри Сиирт дар ҳоле безарар намуданд, ки бо иштироки Раҷаб Тайиб Эрдуғон гирдиҳамоӣ баргузор шуд, хабар додаастҲамза Дог, муовини раиси Ҳизби ҳокими Адолат ва Рушд.
"Дар зери мошини як афсари пулис, ки дар Мардин кор мекард, маводи тарканда гузошта шуда буд, ки ҳангоми расидан ба Сиирт нақшаи тарконидани онро дошт. <...> Онҳо мехостанд ба гирдиҳамоӣ халал расонанд ва муҳити осоиштаро халалдор кунанд", - гуфтаат сиёсатмадор ба CNN Turk.
Гуфта мешавад, кормандони пулис зимни тафтиш намудани мошин бомбро дарёт кард ва он билфосила нобуд карда шуд.
Дар Туркия гирдиҳамоӣ ҳам аз ҷониби ҷонибдорони Эрдуғон ва ҳам мухолифони ӯ баргузор мешавад. Ҳамин тавр, дар шаҳри Мерсин дар ҷануби кишвар ҳазорон нафар дар пасманзари фурӯ рафтани қурби пули миллӣ ба талаби истеъфои раисиҷумҳур баромаданд.
Президент шаҳрвандонро ба нигоҳ доштани эътимод ба иқтисоди миллӣ даъват карда, ваъда дод, ки вазъро ба эътидол меорад. Ба гуфтаи вай, яке аз сабабҳои болоравии қиматҳо афзоиши шадиди қимати ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ будааст.
Раҳбарони аҳзоби мухолиф раисиҷумҳурро ба бесалоҳиятӣ муттаҳам карда, хостори раъйдиҳии пешакӣ шуданд. Аммо Эрдуғон ин ташаббусро рад кард ва гуфт, ки интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар Туркия тибқи нақша дар моҳи июни соли 2023 баргузор мешавад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)