Толибон мегӯянд, ба зудӣ дар марзҳо неруҳои вижаро ҷобаҷо мекунанд
Толибон ният доранд нерӯҳои вижаро дар марзҳои ин кишвар ҷобаҷо кунанд, хабар медиҳад агентии "Бохтар".
Ба иттилои манбаъ, Шер Муҳаммад Шариф, раиси нерӯҳои марзбонии вазорати умури дохилии толибон, дар ҷараёни боздиди худ аз ноҳияи марзии Спинболдак дар Қандаҳор гуфтааст, ки ба зудӣ неруҳои вижаро дар марзҳои Афғонистон ҷобаҷо мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, толибон ба марзҳои Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд.
Дар пайи суқути Афғонистон ба дасти толибон борҳо гузориш шудааст, ки нерӯҳои Покистон ва Эрон вориди Афғонистон шудаанд, аммо толибон ин хабарҳоро рад кардаанд.
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Рӯзи 6-уми сентябр Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)