< Русия гуфт киҳоро бо ҳавопаймоҳояш аз Афғонистон берун кашидааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Русия гуфт киҳоро бо ҳавопаймоҳояш аз Афғонистон берун кашидааст

Русия гуфт киҳоро бо ҳавопаймоҳояш аз Афғонистон берун кашидааст
Се ҳавопаймои Ил-76-и нерӯҳои ҳавоии Русия дар маҷмӯъ беш аз 200 шаҳрванди Русия, Белорус, Арманистон, Украина ва Афғонистонро аз Кобул хориҷ каранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Ин дуввумин амалиёти тахлия аз Афғонистон ба шумор меравад ва аввалин амалиёти интиқоли шаҳрвандон дар поёни моҳи августи аном шуд.

Барои нахустин бор ҳудуди 400 шаҳрванди Русия, Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Афғонистонро тарк карданд. Парвози дуюм баъди се моҳ ташкил карда шуд.

Пеш аз ин афроди тахлияшуда қабл аз тасарруфи Толибон Кобул (гурӯҳи террористӣ таҳти таҳрими СММ) барои дидор бо хешовандон ба Афғонистон омада буданд ва чанд моҳ боз дармонда буданд. Аксари афғонҳо дар Русия беш аз даҳ сол ба сар мебаранд ва дар ин кишвар оила ва кор доранд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 15-уми август толибон вориди Кобул шуда, қасри раёсати ҷумҳуриро таҳти назорати худ гирифтанд. Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди толибон Афғонистонро тарк кард ва дар паёме эълом кард, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезиҳо ин кишварро тарк мекунад. Тағйири қудрат тарки ҳазорон афғонҳоро аз кишвар шуд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 18 ноябр ҳавопаймои вазорати мудофиаи Русия ба Афғонистон 36 тонна кумаки башардӯстонаро интиқол дод. Ин кумакҳо аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат буданд.

Зимнан ҳукумати муваққати Афғонистон барои ирсоли кумакҳо ба раисҷумҳури Русия ва вазири мудофиаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, умедворӣ кард, ки интиқоли кумакҳо аз Русия минбаъд ҳам идома меёбад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий