Дидори намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар сафари худ ба Кобул, бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дидор кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дар бораи вазъияти кунунии Афғонистон ва идомаи ҳамкории Теҳрон бо Кобул дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, башардӯстона, омӯзишӣ ва ғайра гуфтугӯ кард.
Манбаъ таъкид доштааст, ки намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон зимни мулоқот гуфт, бо ҳукумати нав ба тавофуқ расидем, ки кумитаҳои ҳамкории муштараки ду кишвар ташкил ва фароянди умур барои беҳбуди шароити миллати Афғонистон ба сурати муназзам пайгирӣ ва ба марҳалаи иҷро бирасад.
Ҳамчунин илова карда шуд, ки зимни сафари намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон ба Кобул, кумитаҳои ҳамкории муштарак миёни ду кишвар оғоз ба кор карданд.
Намояндагони Эрон ва толибон дар панҷ кумитаи иқтисод, сӯхт, обу барқ, атбои хориҷӣ ва фарҳанг барномаҳои худро барои тавсеаи равобит байни Эрону Афғонистон ироа карданд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)