< Мақомоти Австрия аз 22 ноябр маҳдудиятҳои оммавӣ эълон кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақомоти Австрия аз 22 ноябр маҳдудиятҳои оммавӣ эълон кард

Мақомоти Австрия аз 22 ноябр маҳдудиятҳои оммавӣ эълон кард
Мақомоти Австрия бинобар вазъи даҳшатовари бемории коронаврус, сар аз 22 ноябр маҳдудиятҳои оммавӣ ҷорӣ мекунанд.

Мақомоти Австрия аз 22 ноябр ба далели вазъи шадиди беморшавӣ ба COVID-19 ва сарбории зиёд ба бахши тандурустӣ, маҳдудиятҳои оммавӣ барои сокинони кишварро эълон кард.

Дар ин бора рӯзи ҷумъа садри аъзами ҷумҳурӣ Александр Шалленберг дар пайи мулоқот бо раҳбарони минтақаҳои Австрия хабар дод.
"Бинобар ҷиддияти вазъ, мо дигар чора надорем, ба ҷуз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои худ ва системаи беҳдоштӣ. Аз рӯзи душанбе, маҳдудиятҳои умумимиллӣ ба мӯҳлати на камтар аз 20 рӯз ҷорӣ карда мешавад", - изҳор дошт Шалленберг дар нишасти матбуотӣ.

Маҳдудият ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Австрия инчунин аз моҳи феврали соли 2022 омодагиро барои ҷорӣ кардани ваксинаи ҳатмӣ бар зидди COVID-19 оғоз мекунад.

"Мо ба як қарори душвор омадем - тасмим дар бораи ҷорӣ кардани ваксинаи ҳатмии умумимиллӣ. Он бояд аз феврали соли 2022 эътибор пайдо кунад", -гуфт канслер.

Дар Австрия шумораи гирифторони COVID-19 дар моҳи ноябр ҳафтаи сеюм паиҳам меафзояд. Ҳамарӯза беш аз 15 ҳазор нафар тоза гирифтори коронавирус мешаванд.

Дар ин замина, ҳукумат аллакай аз 15 ноябр барои одамоне, ки ваксина нагирифтаанд ё бемор нашудаанд, маҳдудият ҷорӣ кардааст. Ҳоло танҳо онҳое, ки ваксина гирифтаанд ва ё бемориро паси сар намуданд метавонанд ба ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ ёбанд.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий