< Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар

Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар
Ҳасани Казими Қумӣ, намояндаи вижаи вазорати умури хориҷаи Эрон дар Кобул бо намояндагони ҳукумати толибон дидору гуфтугӯ кард ва дар ин дидор масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, муҳоҷират ва рушди ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Дар баёнияи толибон омадааст, "афғонистониҳо ва давлати ҷадиди Афғонистон равобит хубе бо Эрон доранд ва талош мекунанд то ин равобитро беҳбуд бахшанд. Мо гурӯҳҳои фаннӣ ташкил додаем, ки ба баррасии мавзуоте, ки дар назар гирифтаем идома хоҳем дод ва умедворем ин гурӯҳҳо бештар тақвият шаванд".

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.

Дар ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул бо ҳимояти Амрико шаҳрвандони кишварҳои ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, интиқол дода шуданд.

Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.

Дар авоили моҳи сентябр гурӯҳи толибон ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий