Шумори осебдидагони заминҷунбии шадид дар Эрон ба 100 нафар расид
Шумори осебдидагон аз заминларзаи шадид дар ҷануби Эрон ба 99 нафар расид, хабар медиҳад ISNA ба истинод ба кормандони бахши тандурустӣ.
Қаблан аз фавти ду нафар ва ҷароҳат бардоштани 27 тани дигар гузориш шуда буд.
"Аз 99 нафари осебдида феълан 10 нафар дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, 88 осебдида пас аз муоинаи табибон мураххас шудаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбе Эронро ду зилзилаи шабаллӣ такон дод. Маркази заминҷунбӣ 60 километр дуртар аз шаҳри Бандар -Аббос гуфта мешавад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)