< Путин дар бораи ҷамъшавии муҳоҷирон дар марзи Белорус ва Лаҳистон: тааҷҷубовар нест » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Путин дар бораи ҷамъшавии муҳоҷирон дар марзи Белорус ва Лаҳистон: тааҷҷубовар нест

Путин дар бораи ҷамъшавии муҳоҷирон дар марзи Белорус ва Лаҳистон: тааҷҷубовар нест
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, муҳоҷирон ба далели вуруди бидуни раводид бо Белорус талош доранд, тавассути Минск ба Иттиҳодияи Урупо ворид шаванд.

"Муҳоҷирон аз дигар каналҳо гузаштанд ва он, ки онҳо ҳоло аз Белорус гузаштанд, тааҷҷубовар нест. Зеро Белорус, чунон ки ба ман Александр Григоревич Лукашенко фаҳмонд, аз кишварҳои аслиаш бидуни раводид вориди кишвар аст", - гуфт Владимир Путин дар суҳбат бо шабакаи "Россия 24".

Тайи чанд ҳафтаи ахир чанд ҳазор муҳоҷир дар марзи Белорус ва Лаҳистон ҷамъ омадаанд, то ба кишварҳои Иттиҳодияи Урупо бираванд.

Мақомоти Лаҳистон амнияти сарҳадро таҳким бахшида, низомиёнро гирди ҳам оварда ва аз кӯшиши вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишвар ҷилавгирӣ карда, Минскро дар бӯҳрони муҳоҷират айбдор мекунанд.


Ҳамаи ин иттиҳомотро Белорус рад мекунад ва иддао дорад, ки Лаҳистон муҳоҷиронро иҷборан ихроҷ мекунад.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий