< Боз таркиш! Бист нафар аз кушта то захмӣ дар намози ҷумъаи як масҷид дар Нангарҳор! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боз таркиш! Бист нафар аз кушта то захмӣ дар намози ҷумъаи як масҷид дар Нангарҳор!

Боз таркиш! Бист нафар аз кушта то захмӣ дар намози ҷумъаи як масҷид дар Нангарҳор!
Нисфирӯзии имрӯз ҳангоми намози ҷумъа дар ноҳияи Спингор таркиш ба амал омад.

Шоҳидони айнӣ таркишро ба як бомбгузори маргталаб марбут медонанд.

Шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира хабар дод, ки дар ин таркиш ду нафар кушта ва 18 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Тасвирҳои нашршуда низ талафоти сангинро нишон медиҳанд.

Мақомоти амниятии Толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Бояд гуфт, ки ин чаҳорумин ҳамла ба масҷидҳо дар Афғонистон аз замони тасарруфи Толибон аст.

Қаблан ду масҷиди шиъа дар Қандаҳору Кундуз ва ҳамчунин масҷиди «Идгоҳ»-и Кобул ҳадафи ҳамлаҳои маргбор қарор гирифта буданд.

Масъулияти се ҳамлаи қаблиро гурӯҳи террористии ДИИШ бар ӯҳда гирифт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий