< Сухангӯи “Толибон”*: Ашраф Ғаниро бахшидаем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сухангӯи “Толибон”*: Ашраф Ғаниро бахшидаем

Сухангӯи “Толибон”*: Ашраф Ғаниро бахшидаем
Муҳаммад Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон”* дар Қатар гуфт, Ашраф Ғанӣ бо эълони афви уммумӣ аз сӯи “Толибон”* бахшида шуда ва масъалаи интиқоли пул тавасути вай ҳанӯз барои мо рӯшан нест.

Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа ба расонаҳои хабарии Афғонистон изҳор доштаат: "Шумо дар ҷараён ҳастед, ки аз тарафи амиралмуъминин ба шакли ом афв умумӣ сурат гирифта аст ва мавзӯи интиқоли пул тавасути Ғанӣ ба хориҷ аз кишвар ҳанӯз барои “Толибон”* рӯшан ва мустанад нест ва то ин мавзӯъ рушан нашавад наметавон дар ин маврид су3знае гуфт".

Қаблан Никита Ишенко, котиби матбуотии сафорати Русия дар Кобул пас аз фирори раисиҷумҳури Афғонистон гуфт: Ашраф Ғанӣ мехост бо чаҳор мошини пур аз пул фирор кунад, аммо ҳамааш тибқи нақша сурат нагирифт ва як қисми пул дар фурудгоҳи Кобул монд.

Забеҳулло Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати муваққати “Толибон”* гуфт, ҳукумати нави Афғонистон истирдоди Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро, ки аз кишвар фирор кард, намехоҳад, балки мехоҳад пули ҳукуматро, ки бо худ бурда буд, баргардонад.

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон, дар моҳи августи соли ҷорӣ пеш аз воридшавии “Толибон”* ба пойтахти Афғонистон, аз Кобул фирор кард.

Пас аз се рӯз, ӯ як паёми видеоӣ аз Имороти Муттаҳидаи Арабро нашр кард, ки ваъда додааст, ки ба ватанаш бармегардад.

Дар авоили моҳи сентябр “Толибон”* аз таъсиси ҳукумати муваққат дар Афғонистон хабар доданд, ва ҷангҷӯёни “Толибон”* тамоми вилоятҳои Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд. Раҳбарии онро Муҳаммад Ҳасан Оҳанд бар ӯҳда дорад, ки дар давраи аввали ҳукумати “Толибон”* вазири хориҷа буд.

* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий