Афзоиши ноамниҳо дар Нангарҳор: Интиқоли афроди мусаллаҳ тавасути “рикшоҳо” мамнуъ шуд
Дафтари матбуоти волии “Толибон”* дар Нангарҳор дар як баёнияе хабар додааст, ки аз ин ба баъд ҳеҷ як ронанда наметавонад силоҳро бо рикшааш интиқол диҳад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин баёния ҳамчунин аз нерӯҳои “Толибон”* даъват шудааст, ки ба рикшоҳои мусаллаҳ савор нашаванд.
Дар баёнияи мухтасар ҳамчунин аз мардум даъват шудааст, ки ба мақомоти амниятии “Толибон”* дар бораи ҳузури афроди мусаллаҳ ба онҳо хабар диҳанд.
Аммо “Толибон”* исрор доранд, ки дар сурати интиқоли афроди мусаллаҳ бо рикшо, онҳо бо ронандагони худ "ба таври қонунӣ муомила хоҳанд кард".
Вилояти Нангарҳор дар шарқи кишвар пас аз тасарруфи “Толибон”* дар Афғонистон афзоиши куштори ҳадафмандона ва инфиҷор мушоҳида шудааст. ДИИШ масъулияти аксари бомбгузориҳо дар ин вилоятро бар ӯҳда гирифтааст.
Дар охирин маврид субҳи имрӯз дар Ҷалолобод, дар як инфиҷор се нафар кушта шуданд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)