Панҷ иштироккунандаи латукӯб дар Домодедово боздошт шудаанд
Панҷ иштироккунандаи нисбатан фаъоли занозании гуруҳӣ дар Домодедово боздошт ва ба идораи пулис интиқол дода шуданд, хабар дод Сарраёсати умури дохилии вилояти Маскав.
Маврид ба зикр аст, ки навори ин занозанӣ ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, баҳс барангехт. Таъкид шудааст, ки муноқиша аз таниши лафзӣ оғоз шуда, баъдан ба латукӯб печидааст.
Дар навор сабт шудааст, ки чигуна якчанд нафар як касро, ки ба замин афтид, лагад мезананд.
Дафтари матбуоти пулиси вилояти Маскав изҳор доштааст, ки таҳқиқи ҳодисаро оғоз карда, амалиёт барои муайянсозии иштирокдорони дигари занозанӣ идома дорад.
Додситонии вилояти Маскав хабар дод, ки таҳқиқи қазияро зери назорат гирифтааст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)