Дар Кобул, назди бемористоне маргталабе худро тарконд
Дар Кобул таркиши мудҳиш рух дод, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба шоҳидони ҳодиса.
Бинобар хабари манбаъ, таркиш замоне рух дод, ки як маргталаб худро дар назди бемористоне мунфаҷир кард.
"Ҳамлаи интиҳорӣ дар як бемористони дорои 400 кат дар паҳлуи Вазорати тандурустӣ ба вуқӯъ пайваст", - гуфтааст як шоҳид.
Зимнан пас аз чанд лаҳза боз як таркиши дигар дар бемористони ҳарбӣ рух дод.
Алъон дар мавриди теъдоди қурбониёну захмиён маълумоте дар даст нест.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)