< Расман: Мирзиёев дар интихобот бо 80,12% овоз пирӯз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Расман: Мирзиёев дар интихобот бо 80,12% овоз пирӯз шуд

Расман: Мирзиёев дар интихобот бо 80,12% овоз пирӯз шуд
Зайниддин Низомхоҷаев, раиси КМИ Ӯзбекистон рӯзи ҷумъа гуфт, дар интихоботи президентии рӯзи 24 октябр бо касби 80,12% овозҳо Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд.

"Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки Мирзиёев Шавкат Миромонович пас аз шумориши тамоми бюллетенҳо, 80,12% овозҳоро ба даст оварда, ба мақоми президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихобшуда ҳисобида шавад", - гуфт Низомхоҷаев.

Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар беш аз 16 миллион интихобкунанда (80,4%) овоз доданд.

Барои курсии раиси давлат панҷ номзад мубориза бурданд. Номзади ҲХДТ Мақсуд Ворисова 6,63%, намояндаи "Миллий тикланиш" Алишер Қодиров 5,48%, номзади Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломмуродов 4,14% ва номзади "Адолат" Баҳром Абдуҳалимов 3,39% овоз гирифтанд.




Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий