< Дар Русия 60 ҳазор кӯдак гирифтори коронавирусанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Русия 60 ҳазор кӯдак гирифтори коронавирусанд

Дар Русия 60 ҳазор кӯдак гирифтори коронавирусанд
Дар Русия тақрибан 60 ҳазор кӯдак ба вируси COVID - 19 мубтало ҳастанд, изҳор дошт Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко.
Ба гуфтаи вазир, дар нисфи кӯдакон ин беморӣ бо нишонаҳои шадид ҷараён дорад.

"Дар кишвар қариб 60 ҳазор кӯдаки гирифтори коронавирусро кормандони тиб табобат мекунанд", - гуфт ӯ дар ҷаласаи президиуми Шӯрои ҳамоҳангсозии назди ҳукумат оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус.

Қаблан сардори раёсат қайд карда буд, ки мизони гирифторӣ ба вируси корона дар кӯдакон нисбат ба соли гузашта "якчанд маротиба афзоиш ёфтааст".

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, дар миёни ҳамаи гирифторони ин беморӣ 12-13 дарсадро кӯдакони аз 6 то 17-сола ташкил медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, 1 миллиону 335 миллион нафар беморони гирифтори COVID-19 таҳти назорати табибон қарор доранд. Мурашко афзуд, ки ин назар ба авҷи мавсими гузашта бештар аст.




Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий