< "Зан инсон аст": бо чунин шиор занони Афғонистон дар Кобул даст ба эътироз заданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Зан инсон аст": бо чунин шиор занони Афғонистон дар Кобул даст ба эътироз заданд

"Зан инсон аст": бо чунин шиор занони Афғонистон дар Кобул даст ба эътироз заданд
Чанде аз занони Афғонистон алайҳи табъиз дар Кобул даст ба эътироз заданд

Дар шаҳри Кобул занони Афғонистон барои мавҷуд будани табъиз дар ҷомеа эътироз намуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин манбаъ меафзояд, занон дар даст шиорҳои "Зан инсон аст", "Мо гуруснаем", "Сукути СММ шармандагист", гирифта барои изҳори нигаронии худ ба маркази ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ намуданд.

Гуфта мешавад. пас аз анҷоми муҳлати муқараршуда. намояндагони "Толибон"* зуд занони эътирозгаро пароканда намуданд.

Эътирози занони Афғонистон бори нахуст набуда, пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* онҳо барои масдуд шудани макотибҳои духтарона ва манъи фаъолияти занон норизогии худро баён намудаанд.

Дар ин робита раисҷумҳури Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони чандин кишварҳо ҳам аз ҳукумати "Толибон"* талаб намудаанд, ки ҳукумати фарогир таъсис диҳанд ва ба нақзи ҳуқуқу озодиҳои занон даст назананд.

* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия

Комментарии (0)

Оставить комментарий