< “Толибон”*: ба касе иҷоза намедиҳем аз хоки Афғонистон ба Чин таҳдид кунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Толибон”*: ба касе иҷоза намедиҳем аз хоки Афғонистон ба Чин таҳдид кунад

“Толибон”*: ба касе иҷоза намедиҳем аз хоки Афғонистон ба Чин таҳдид кунад
Сарпарасти вазорати умури хориҷаи ҳукумати “Толибон”* мегӯяд, ки ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад аз Афғонистон барои таҳдиди Чин истифода кунад

Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи ҳукумати “Толибон”*, мегӯяд, ба касе иҷоза намедиҳад, ки аз Афғонистон барои таҳдид ба Чин истифода кунад.

Вай ин мавқеъро ахиран дар як сӯҳбат бо Ван И, вазири умури хориҷии Чин дар пойтахти Қатар баён дошт.

Қаблан сарпарасти вазорати умури хориҷаи ҳукумати “Толибон” аз вазири хориҷаи Чин хост, барои ҳалли мушкилоти тоҷирони афғон ва ҳамчунин содироти сангу меваҳои хушк, ҷалғуза ва анҷири Афғонистонро ба Чин фароҳам кунад.

Қобили зикр аст, ки оқои Муттақӣ дар оғози мулоқот ба Ван И як баста ҷалғуза низ туҳфа додааст.

Ёдрас мешавем, ки авоили моҳи август "Толибон"* ҳамалотро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод ва 15 август вориди Кобул шуду рӯзи дигар эълом кард, ки ҷанг ба охир расид.

Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, тахлияи оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.

Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд.

Дар аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки сарвараш Муҳаммад Ҳасан Охунд аст. Ӯ дар давраи ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.

* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон

Комментарии (0)

Оставить комментарий