Оғози интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон: рақобати 5 номзад
Дар Ӯзбекистон интихоботи президенти давлат оғоз шуд.
Ҳавзаҳои интихоботӣ соати 08.00 кушода шуданд ва то соати 20.00 ба вақти маҳаллӣ кор хоҳанд кард.
Номзадхо
Ҳамаи панҷ ҳизби сиёсӣ, ки расман дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, номзадҳоро пешбарӣ ва сабт кардаанд.
Яке аз номзадҳо президенти феълӣ Шавкат Мирзиёеви 64-сола мебошад, ки аз ҷониби бузургтарин ҳизби либерал - демократӣ пешбарӣ шудааст.
Мирзиёев ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо шарикони асосии Ӯзбекистон: Русия, Чин, ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамгироӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.
Ду номзади дигар - раиси Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломмуродови 46-сола ва муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ), Мақсуда Варисоваи 60-сола ба идома ва рушди равобити иттифоқӣ ва стратегӣ бо Русия даъват мекунанд.

Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)