< Афғонистон дубора бо барқ таъмин шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Афғонистон дубора бо барқ таъмин шуд

Афғонистон дубора бо барқ таъмин шуд
Таъмини барқ дар Кобул пурра барқарор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати "Breshna" хабар додааст.

Онҳо ёдовар шуданд, ки бар асари таркиши манораҳои интиқоли барқ дар ноҳияи Қалъаи Муродбеки пойтахти афғонистон ва як қатори вилоятҳо бе барқ монданд..

Он замон сардори "Breshna", Ҳофиз Муҳаммад Амин Фаруқӣ ба ҷои ҳодиса рафт ва аз мақомоти кунунӣ, ҷунбиши радикалии "Толибон" * даъват кард, ки барои таъмини амнияти иншооти барқ талош кунанд.

Сардори ситоди кулли ҷангиён Қорӣ Фасиҳуддин Фитрат Бадахшонӣ гуфт, ки афроди масъули таркиш "пайдо ва нобуд карда мешаванд".

Дар натиҷаи амалиёти вижа "Толибон"* се гумонбари тахрибкориро боздошт карданд.

Ёдовар мешавем, ки Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон хатари мувоҷеҳи бӯҳрони густурда дорад.

Қаблан ширкати энержии DABS -и ҷумҳурӣ ба Осиёи Марказӣ бо дархости қатъи интиқоли захираҳо ба кишвар муроҷиат карда буд.

Роҳбарият ваъда додааст, ки қарзро, ки тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.

* созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий