< Комилов: Ӯзбекистон тасмими қабули паноҳандагони афғонро надорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Комилов: Ӯзбекистон тасмими қабули паноҳандагони афғонро надорад

Комилов: Ӯзбекистон тасмими қабули паноҳандагони афғонро надорад
Ӯзбекистон гурезаҳои афғонро қабул намекунад ва мавҷи вуруди онҳо ҳоло нест, гуфтааст вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов, хабар медиҳад РИА Новости.

"Дарҳол мегӯям: ҷараёни гуреза нест. Умуман, гуреза нест. Мо дар аввал изҳор доштем, ки гурезаҳоро қабул намекунем", - гуфт Комилов.

Ба гуфтаи вазир, мавқеи Ӯзбекистон расонидани кумак дар транзит ва баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави кишварҳои сеюми ҷаҳон аст, на дар нигоҳубини онҳо ҳамчун гуреза.

Дар авоили моҳи август ҷонибдорони "Толибон"* амалиёти худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд.

Онҳо 15 август вориди Кобул шуданд бидуни ҷанг Кобулро гирифтанд ва худи ҳамон рӯз аз анҷоми ҷанг хабар доданд.

Сипас, давоми ду ҳафта шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, ба таври оммавӣ аз фурудгоҳи Кобул интиқол дода шуданд.

Ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон дар авоили моҳи сентябр эълон шуда буд.

Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.

Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон"* қудратро дар даст доранд, фақр рӯз ба рӯз дар ин кишвар бештар мешавад, иқтисод сукут мекунад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.

* - ҳаракатитеррористӣ, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ аст


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий