< Масъуд музокироташ бо Толибонро* дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Масъуд музокироташ бо Толибонро* дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод

Масъуд музокироташ бо Толибонро* дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод
Аҳмад Масъуд, роҳбари муқовимат дар музофоти Панҷшер, ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* музокироташ бо аъзои ин ҳаракат дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод

Аҳмад Масъуд мегӯяд, ташкили як ҳукумати ифротӣ аз ҷониби Толибон* қобили қабул нест.

Ӯ дар суҳбат бо нашрияи Asharq Al-Awsat омодагияшро барои ҳамкорӣ бо Толибон* дар мавриди ташкили Ҳукумати оянда баён дошт.

"Мо омодаем бо Толибон* ҳукумати ҳамашумулро бо роҳи музокирот ташкил кунем. Он чизе ки қобили қабул нест, ин ташкили як ҳукумати ифротӣ мебошад", - изҳор доштаст Масъуд.

Ӯ афзудааст, ки ташкили ҳукумати тундгаро аз сӯи Толибон* на танҳо хатар барои Афғонистон, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон, мегӯяд, намояндаи дафтари сиёсии Толибон* аз дипломатҳои рус хостааст, паёми сиёсияшонро ба Панҷшер расонанд.

Ба гуфтаи сафир, Толибон* аз Русия хостаанд, ба роҳбарони Панҷшер расонанд, ки то ҳол аъзои ин созмон ягон талоши бо зурӣ ворид шудан ба вилоятро накардаанд.

“Толибон* бар инанд, ки масъларо бо роҳи сулҳомез, тариқи созиши сиёсӣ ҳал кунанд”, - афзудааст Жирнов.

Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳо таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар он ҷамъ омада, таъкид мекунанд, ки алайҳи зӯргӯиҳои ҷангиёни Толибон* мубориза хоҳанд бурд. Нерӯҳои Панҷшер ҷонибдорияшонро аз низоми исломии муътадил баён дошта, таъкид мекунанд, ки қудрат бояд дар дасти ҳукумати ҳамашумул бошад.

*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Комментарии (0)

Оставить комментарий