< Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96 тонна асал истеҳсол карда шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96 тонна асал истеҳсол карда шуд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96 тонна асал истеҳсол карда шуд
​Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 теъдоди оилаҳои занбӯри асал 2,5 ҳазор оила зиёд карда шуд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои амалисозии он ҳамасола тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Дар доираи барномаҳои давлатию соҳавӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ки асоси таъмини амнияти ғизоӣ ба ҳисоб меравад, тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, садҳо гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд ва коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ба истифода дода мешаванд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий