< Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
​Дар оғози чорабинӣ меҳмонон ва иштирокчиён бо намоиши саҳнавие, ки аз ҷониби вакилони ҳизбӣ ва ҷавонон омода гардида буд, шинос шуданд. Намоиши дастовардҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аксҳо ва иттилоот дар бораи иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин лаҳзаҳои ҷолиб аз достонҳои «Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ ба фазои идона ранги тоза бахшид.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода дар бораи саҳми арзандаи ҳизб дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди мамлакат сухан гуфт.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра фаъолон бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон бо иштироки санъаткорону ҳунармандони ноҳия барномаи фарҳангии идона доир шуд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий