< Пешниҳоди аз имтиҳон озод кардани кӯдакони муҳоҷирони русзабон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пешниҳоди аз имтиҳон озод кардани кӯдакони муҳоҷирони русзабон

Пешниҳоди аз имтиҳон озод кардани кӯдакони муҳоҷирони русзабон
​Дар сурати қабули он, кӯдакони муҳоҷироне, ки забони модариашон русӣ аст, ҳангоми қабул ба мактаб аз супоридани имтиҳони ҳатмии забони русӣ озод мегарданд.
Муаллифон гуфтанд, кӯдакони хориҷие, ки забони модарияшон русӣ аст, аз назари фарҳангӣ ба русҳо наздиканд ва бо забони онҳо ҳарф мезананд.
Тибқи ин тарҳ, тартиби озод кардани чунин кӯдакон аз имтиҳони забони русиро Вазорати маорифи Русия муайян мекунад.
Аз 1-уми апрели соли равон фарзандони муҳоҷирон дар Русия ӯҳдадор шуданд, ки ҳангоми қабул ба мактабҳои ин кишвара имтиҳони ҳатмии забони русӣ супоранд.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий