Вазорати маориф гуфт, ки дар куҷои Тоҷикистон камбуди шадиди омӯзгорон вуҷуд дорад
Вазорати маориф ва илм гуфт, ки кадом минтақаи Тоҷикистон ба омӯзгорони мактабҳо сахт ниёз дорад
Дар як сол дар Тоҷикистон теъдоди омӯзгорон бештар шудааст, аммо камбуди кадрҳо дар таҳсилоти ибтидоӣ ҳанӯз ҳам тақрибан дар тамоми манотиқи кишвар эҳсос мешавад.
Дар ин бора Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм дар нишасти хабарии солонаи ҳисоботияш изҳор дошт.
"Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст", - гуфт вазир.
Сарфи назар аз беҳбуди вазъ дар масъалаи кадрҳо, ба гуфтаи ин ниҳод, норасоии шадиди кадрҳои омӯзгорӣ аз рӯи минтақаҳо дар соли таҳсили 2021-2022 ҳамчунон ба назар мерасад:
навоҳии тобеи марказ - 765;
вилояти Суғд - 708;
вилояти Хатлон - 440;
Душанбе - 194;
ВМКБ - 59.
Дар баробари ин, ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Имомзода, танҳо соли қаблӣ омӯзгорон дар саросари Тоҷикистон аттестатсия шуда буданд. Дар он зиёда аз 29,8 хазор нафар муаллимон иштирок доштанд, вале то ин дам ин танҳо 23,3 фоизро ташкил медихад.
Қарор аст, беш аз 500 нафар омӯзгорон аз нав аттестатсия гузаранд.
Дар байни онҳое, ки аз имтиҳони қобилияти касбӣ нагузаштанд — 14 нафаранд. Ҳамаи онҳо аз кор озод карда шуданд.
РаҳабриВазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гуфт, тибқи дархостҳо 4,3 ҳазор донишҷӯ барои кор дар мактабҳо роҳхат гирифтанд. Дар умум қариб 16 ҳазор нафар дастпарварон мактабҳои олии махсусро хатм карданд.
Тибқи омори вазорат танҳо дар соли қаблӣ аз 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бо сабаби фавту беморӣ, 2228 ивази ҷойи зист ва 1031 нафар нафақа аз ин низом дур шудаанд.
Комментарии (0)