< Раҳмон президенти Итолиёро бо интихоби дигарборааш шодбош гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон президенти Итолиёро бо интихоби дигарборааш шодбош гуфт

Раҳмон президенти Итолиёро бо интихоби дигарборааш шодбош гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Серҷо Матареллаи 80-соларо бо интихоби дигарборааш ба вазифаи президенти Итолиё табрик кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш баъди муборакбодӣ ба Матарелла сиҳатмандии комил ва дар пешбурди ваколатҳои пурмасъулият комёбиҳо хостааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Итолиё сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу намудаст.

"Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Италия изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди густаришу тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем", - омадааст дар паём.

Эмомалӣ Раҳмон омодагияшро барои пешбурди минбаъдаи муносибот дар сатҳҳои мухталиф баён дошта, афзудааст, ки кӯшишҳои пайвастаро ба харҷ медиҳад.

Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки шарикии созандаи Тоҷикистону Итолиё ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки Матареллаи 80-сола рӯзи 29-уми январ дар ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Итолиё барои муҳлати дуюм президент интихоб гардид. Худи ӯ дар аввал мухолифташро барои интихоби дигарбора баён дошт, аммо баъдан бо шарти он, ки пеш аз анҷоми муҳлати 7-сола истеъфо медиҳад, розӣ шуд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий