< Танқисии омӯзгорон дар Хатлон: Ду ҳазор муаллим ба муҳоҷират рафт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Танқисии омӯзгорон дар Хатлон: Ду ҳазор муаллим ба муҳоҷират рафт

Танқисии омӯзгорон дар Хатлон: Ду ҳазор муаллим ба муҳоҷират рафт
Сардори Раёсати маорифи ин вилоят омили ба муҳоҷират рафтани омӯзгоронро мушкили оилавӣ арзёбӣ кард

Дар як сол гузашта аз вилояти Хатлон беш аз ду ҳавзор омӯзгор тарки пеша карда, ба муҳоҷират рӯ оварданд.

Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Олими Ашӯралӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

"Соли таҳсили 2021 аз мактабҳои вилояти Хатлон 2067 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд", - изҳор дошт Ашӯралӣ.

Ба таъкиди ӯ, омӯзгорони муҳоҷиршуда аз ноҳияҳои Ёвон, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён, балхӣ, Қубодиён, Хуросон, Бохтар ва Восеъ мебошанд. Ӯ дақиқан нагуфт, ки аз ҳар ноҳия чанд омӯзгор тарки пеша карданд. Танҳо шумори умумии муаллимони муҳоҷиршударо эълон кард.

Ашӯралӣ далели ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани омӯзгоронро ба мушкили оилавӣ ва дигар сабабҳо рабт дод.

Дар ҳамин ҳол, масъули соҳаи маориф дар вилояти Хатлон мегӯяд, бо вуҷуди ба кор ҷалб кардани се ҳазор омӯзгор, ҳамоно дар макотиби вилоят наздики 300 муаллим намерасад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий