Рухшона Эмомалӣ дидорҳои расмиашро дар Лондон бо Лорди бритониёӣ оғоз кард
Ахиран сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониё бо Вазири давлатии Британияи Кабир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод дидору гуфтугӯ кард
Рухшона Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ бо Лорд Ториқ Аҳмад, вазири давлатии Британияи Кабир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод мулоқот кард, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шудааст, ки аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бритониёро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ ибрози назар карданд.
Рухшона Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо фармони падараш сафири ин кишвар дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ин фармонро рӯзи 15-уми декабр имзо кардааст. Рухшона Эмомалӣ дар ин мақом ҷойгузини Масуд Халифазода шуд.
Рухшона Эмомалии 39-сола собиқаи кор дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониёро дорад. Ӯ қаблан дар вазифаи муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Эмомалӣ Раҳмон нӯҳ фарзанд дорад ва Рухшона Раҳмонова фарзанди чаҳоруми раиси ҷумҳур аст.
Комментарии (0)