Интиқоли ҷасади 6 муҳоҷири заҳролудшудаи тоҷик ба ватан: 3 нафарашон узви як оилаанд
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро, ки дар вилояти Волгоград заҳролуд шуданд, ба ватан оварданд
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 6 муҳоҷири заҳролудшуда 3 нафарашон аз як оила аз ноҳияи Вахш мебошанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон, миёни ҳалокшудагон чор нафарашон аз ноҳияи Вахш, як нафар аз Ҷайҳун ва як нафари дигар аз ноҳияи Ҳамадонӣ мебошанд.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла Файзиддиновҳо Қобилҷони 20-сола, Қосимҷони 19-сола ва Нуриддини 36-сола аъзои як оилаанд. Муҳоҷири заҳролудшудаи чорум аз ноҳияи Вахш Кабутов Саидакрам, сокини 21-солаи деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Тоҷикобод мебошад.
Мақомоти муҳоҷирати Хатлон дар феҳрасти муҳоҷирони ҳалокшуда, инчунин Саломов Идибек, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун ва Муҳамаддҷони Раҳмоналӣ, сокини 21-солаи ноҳияи Мирсаид алии Ҳамадонӣ гуфтанд.
Таъкид шудааст, ки гуруҳи мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Самад Саидзода, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон барои изҳори ҳамдардӣ ба наздикони муҳоҷирони фавтида ба фурудгоҳи Душанбе рафтаанд. Ҷасадҳо тариқи мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба зодгоҳашон равона шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳодисаи заҳролудшавии муҳоҷирони тоҷик дар як гармхона дар вилояти Волгоград рӯзи 26 январ рух дод. Бар асоси маълумоти аввалия, ҳангоми кор дар гармхона шаш нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, онҳоро коргари ҳафтум ошкор карда, ба корфармо муроҷиат кард ва ӯ мошини ёрии таъҷилиро даъват намудааст. Ҳоло муҳоҷири ҳафтум дар бемористон қарор дорад.
Мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, таҳқиқоти он идома дорад.
Комментарии (0)