< Қадрдонии вазири тандурустии Тоҷикистон бо Ордени ИДМ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қадрдонии вазири тандурустии Тоҷикистон бо Ордени ИДМ

Қадрдонии вазири тандурустии Тоҷикистон бо Ордени ИДМ
Вазири Тандурустии Тоҷикистон бо Ордени Кумитаи ҷанговарони интернатсионалисти назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ қадрдонӣ шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон бо Ордени Кумитаи ҷанговарони интернатсионалисти назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ барои хизматрасонии тиббӣ қадрдонӣ шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, маросими тақдими ордени макзур ахиран дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони кумитаи мазкур баргузор гардид.

Қайд карда шудаа ст, ки аснои тақдими Орден намояндагони Кумитаи номбурда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, хосатан вазир Ҷамолиддин Абдуллозода барои хизматрасонии тиббӣ ба ҷанговарони интернатсионалист изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 31-уми августи соли гузашта раисҷмуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба як идда аз ходимони давлатӣ мукофотҳои давлатӣ супорид.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҷумлаи нафароне буданд, ки ба ин мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий