Ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ, 58 - сола: боз як қурбонии муноқишаи марзӣ дар Исфара: акс
Зимнан ин дувумин ҳодисаи қурбонӣ дар натиҷаи тирпарронии шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мешавад
Абдулатиф Шарипов, ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ шаби гузашта дар пайи тирандозии қирғизҳо дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара кушта шудааст.
Ин иттилоъро Зубайдулло Шомадов, сухангуи ҳукумати шаҳри Исфара, ки шаби гузашта дар деҳаи Сомониён, маҳалли даргирии марзӣ қарор дошт ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуд.
“Ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ захмиёнро ба Шифохона интиқол медод, вале худаш аз зарби тири қирғизҳо ба шаҳодат расид”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ронандаи ҳалокшудаи мошини ёрии таъҷилӣ 58 сол дошт. Аз аксҳое, ки манобеъ дар ихтиёри мо гузоштанд, дида мешавад, ки Шарипов дар дохили мошини кориаш мавриди тирборон қарор гирифтааст.
Зимнан ин дуюмин ҳодисаи қурбонӣ дар Исфара дар пайи муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо гуфта мешавад.
Обидҷон Туйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло низ шаби гузашта аз зарби тир дар манзили зисташ ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ шаби гузашта 13 нафар захмиёни муноқишаи марзиро ба Шифохонаи марказии Исфара интиқол додаанд.
Дар ин шумор 8 низомӣ ва 3 нафар сокини мулки гуфта мешавад, ки аз зарби санг ва тир захмин шудаанд. Табибони ин шифохона вазъи саломатии аксари онҳоро сабук ва муътадил шарҳ медиҳанд.
Мақомоти Қирғизистон ҳам дар бораи кушта ва захминшудаҳои ҳодисаи ахир дар марз бо Тоҷикистон хабар нашр намудааст.
Бино ба иттилоъи манобеъ аз шаҳри Исфара аз соати 23 шаби 27 январ ба ин тараф садои тир аз ҳарду ҷониб хомӯш шудааст.
Ҳоло ба ҳисоби мақомоти амниятиву низомии ду кишвар раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд ба ҷойи ҳодиса рафта дар бораи хатми оташбас мулоқот намудаанд. Талофоти расида аз ҳодисаи дишаба давоми рӯз пайгирӣ карда мешавад.
Комментарии (0)