< Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: мушак ба болои хонааш задааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: мушак ба болои хонааш задааст

Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: мушак ба болои хонааш задааст
Мақомот аз аввалин фавт дар пайи муноқишаи марзӣ гузориш медиҳанд

 Обидҷон Тӯйчиев як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар пайи тирандозии қирғизҳо дар хонаи истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст

Ин иттилоъро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳоло дар деҳаи Сомониён, маҳалли муноқишаи марзӣ қарор дорад дар суҳбат таъйид кард.

Бино ба гуфти манбаъ дар пайи бархӯрди тир ба болои хонааш Туйчиев ба шаҳодат расидааст.

Сухангӯи шаҳрдори исфара вазъи марз бо Қирғизистонро муташанниҷ арзёбӣ кард.

Ба иттилоъи манобеъ то ин лаҳзаҳо ҳанӯз муноқиша хатм нашуда, аз ду ҷониб садои тир баланд мешавад.

Ҳоло теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон ба 13 тан мерасад.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон кардани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон аз марзи сарҳадӣ сар задааст.

Намояндагони мақомоти ҳарду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тирандозӣ карданд.

Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон печид.

Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий