Дар Душанбе қасре дар шакли дутору таблаку доира бунёд мешавад - акс
Бинои нави Қасри фарҳанг дар пойтахти Тоҷикистон дар шакли асбобҳои мусиқӣ сохта мешавад
Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанг дар пойтахтро муаррифӣ кардааст.
Бар асоси аксҳои нашркардаи мақомоти меъморӣ, бинои нав намуди дутор, доира ва таблакро хоҳад дошт. Таъкид шудааст, ки тарҳи мазкурро гуруҳи лоиҳакашони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия кардаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз ин тарҳ тавсиф кардаанду бархеи дигар онро нишони салиқаи паст арзёбӣ намуда, афзудаанд, ки фарҳанг танҳо таблаку доира нест.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тайи қариб 7 соли охир Театри миллии Тоҷикистон бунёд шуда истодаанд, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, "бузургтарин ва зеботарин" иншоот дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Бинои Театри миллӣ дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид.
Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад.
Комментарии (0)