Шереалӣ Кабир: беш аз 5 ҳазор ҷои кори нав дар соли 2021 муҳайё шуд
Шералӣ Кабир мегӯяд, соли 2021дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фаъол шуданд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз қавли Кабир хабар дод, ки рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзоиш ёфт.
Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Шералӣ Кабирро муваззаф намудааст, ки барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунанонии босуръати мамлакат чораҳои муассир андешад.
Ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ивазкунандаи воридот ва ба содиротнигаронида шуда, коркарди ниҳоии ашёи хом дар дохили мамлакат ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки президент пеши вазир гузоштааст.
Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат ҳисобот дод, ки соли 2021 дар кишвар 309 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Ба гуфтаи сарвазир, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)