< Тоҷикистон назорати вурудро сахттар сохт: "Сомон эйр" талаботҳоро нашр кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон назорати вурудро сахттар сохт: "Сомон эйр" талаботҳоро нашр кард

Тоҷикистон назорати вурудро сахттар сохт: "Сомон эйр" талаботҳоро нашр кард
Вазъи душвори эпидемиологии минтақа ва суръати баланди паҳншавии штамми омикронӣ маҷбур кардааст, ки дар Тоҷикистон чораҳои иловагии амниятӣ ҷорӣ карда шаванд

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон эйр" пешниҳоди натоиҷи ташхис аз COVID-19-ро ҳатмӣ хондааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 ҳангоми қайди чипта пешниҳоди шаҳодатномаи ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии санҷиш зарур мебошад,

"Шаҳодатномаҳое, ки дар онҳо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 дарҷ нашудааст, қабул карда намешаванд",- таъкид кардааст ширкат.
Гуфта мешавад, дар шаҳодатнома бояд ному насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19, ҳамчунин рамзи QR барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд қайд шуда бошанд.

Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар менамоянд, доштани натиҷаи манфии ПСР-тест ҳатмӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР озод мебошанд.

Ташдиди назорат на танҳо дар фурудгоҳҳо бал, ки марзҳои замини низ роҳандозӣ шудааст.

Маҷнун Орипов, сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии вилояти Суғд гуфт, ки ки ҳоло аз ҳар нафари воридшаванда аз Ӯзбекистон гирифтани ПСР – тести коронавирус ҳатмӣ шудааст.

"Ҳоло дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Патари шаҳри Конибодом, Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, Саразми шаҳри Панҷакент, инчунин Фурудгоҳи байнулмиллалии Хуҷанд навбатдории шабонарӯзии кормандони беҳдоштӣ ташкил шуда, ташхиси тиббии ҳар нафаре, ки ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад”, - афзуд ӯ.

Орипов таъкид намуд, ки ба ҷуз аз ин ба ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда дастури қатъӣ дода мешавад, то барои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ ҳудуди 14 шабонарӯз дар шароити хона карантин шаванд.

Ёдовар мешавем навъи нави коронавируси омикрон ҳоло ба ҳамсокишварҳои Тоҷикистон - Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон роҳ ёфтааст.

Ҳолатҳои сироятёбӣ дар ин кишварҳо ба ҳадди болои расида, назорат низ сангинтар шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий