< Эълони соли риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эълони соли риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанбе

Эълони соли риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанбе
Дар садамаҳои нақлиётии як соли охир дар шаҳри Душанбе 33 нафар ба ҳалокат расида, 254 нафар маҷруҳ шудаанд

Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе соли 2022-ро дар пойтахт "Соли танзим ва риоияи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" эълон карданд.

Ба иттилои раёсати умури дохилии Душанбе, гарчанде нишондиҳандаи садама дар пойтахт нисбат ба дигар минтақаҳо поинтар мебошад, ин ниҳод тасмим гирифтааст, усулҳои нави корбариро роҳандозӣ намоянд.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки дар маҷмуъ тайи соли гузашта дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои пойтахт 242 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки 33 куштаю 254 маҷруҳро барҷой гузошт.

Манбаъ таъкид намуд, ки ҳадаф аз эълони соли риояи қоидаҳои ҳаракат, ҳалли мушкилот дар ин бахш мебошад.

Тавзеҳ дода шудааст, ки аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо суръати баланд ва дар ҳолати мастӣ мебошанд, ки дар бисёри ҳолатҳо бо фоҷиа меанҷоманд.

Бар асоси омори мақомоти Душанбе, тайи 12 моҳи соли гузашта аз ҷониби нозирони роҳ 382 ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 499 далели ба вуҷуд овардани вазъияти хавфнок, 2795 далели вайрон намудаи қоидаи сабқат ва 4 ҳазору 113 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракат сабт шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий