< Парвозҳо аз Алмаато ба Душанбе мавқуф шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Парвозҳо аз Алмаато ба Душанбе мавқуф шуд

Парвозҳо аз Алмаато ба Душанбе мавқуф шуд
Равобити ҳавоӣ миёни Атмаато ва Душанбе мутавақиф шуд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон.

Манбаъ меафзояд, чунин чораҳо ба далели вазъи ноустувор дар Қазоқистон андешида шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки парвозҳо кай аз сар гирифта мешаванд.

Ба гуфтаи намояндагони фурудгоҳи Душанбе, дар сурати ба эътидол омадани вазъ дар ҷумҳурии ҳамсоя парвоз ба Алмаато имконпазир хоҳад шуд.

"Тибқи маълумоти мо, фурудгоҳи Алмаато барои парвозҳои ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ то 11 январи соли 2022 баста аст", - гуфт манбаъ.

маврид ба зикр аст, ки то ин дам парвозҳо миёни ин ду шаҳр ҳар ҳафта аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр" рӯзҳои чаҳоршанбе ва "Air Astana" рӯзҳои якшанбе анҷом мешуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 9 январ ҳудуди 23 парвоз ба фурудгоҳи Алмаато лағв гардид. Ин парвозҳо аз Маскаву Петербург, Тошканд, Истамбул, Кувайт ва Дубай буданд.

Фурудгоҳи шаҳри Алмаато зимни ошӯбҳои ахир мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гуфтаи Ерлан Тургумбоев, раиси вазорати умури дохилии Қазоқистон, дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ ҳудуди 800 ҷинояткор ба фурудгоҳи Алмаато ҳамла карданд. Дар натиҷа 60 парвоз лағв карда шуд.

Бар хабари расонаҳои Қазоқистон феълан дар ин кишвар вазъият ором аст ва аксар корхонаҳо фаъол шуданд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий