< Қазоқистон ба ҳамсояҳо кумаки башардӯстона фиристод: Тоҷикистон чӣ гирифт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қазоқистон ба ҳамсояҳо кумаки башардӯстона фиристод: Тоҷикистон чӣ гирифт

Қазоқистон ба ҳамсояҳо кумаки башардӯстона фиристод: Тоҷикистон чӣ гирифт
Қазоқистон Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистонро бо фиристодани 25 ҳазор тонна орд ба ин кишварҳо пуштибонӣ кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои фавқулода.

Кумаки башардӯстона ба тариқи зайл тақсим шудааст: 10 ҳазор тоннаӣ орд ба Қирғизистону Тоҷикистон ва 5 ҳазор тонна ба Афғонистон.
Маблағи умумии тамоми маҳсулоти фиристодашуда 3,7 миллиард тенге (8,5 миллион доллар) мебошад.

Котиби матбуотии президенти Қазоқистон Берик Уалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, Қосимҷомарт Тоқаев аз номи мардуми Қазоқистон бо назардошти принсипҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ тасмим гирифтааст.

Қаблан Мухтор Тлеубердӣ-вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон тасмими кумак ба Афғонистонро бо назардошти принсипҳои амниятӣ эълон кард.

Ба гуфти вазири умури хориҷӣ, агар афғонҳо ба буҳрони иқтисодӣ ва буҳрони башарӣ дучор шаванд, ин метавонад боиси афзоиши қочоқи маводи мухаддир, густариши ифротгароии мазҳабӣ ва афзоиши вуруди паноҳандагон дар минтақа шавад.

Қаблан Русия дар чорчӯби тарҳе, ки аз ҷониби ҳукумати Русия аз тариқи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ маблағгузорӣ мешавад, ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона супурда буд.

Тоҷикистон 1485 тонна орди гандуми витаминдор ва 61 тонна равгани растанӣ дарёфт кард. Ин маҳсулот ба мактабҳои қишлоқ фиристода шуд.

Бори башардӯстона ба маблағи 5 миллион доллар, ки Русия барои таҳкими амнияти ғизоии Тоҷикистон дар соли 2021 ҷудо кардааст, харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин маълум аст, ки дар соли 2021 ба Тоҷикистон ду баробар бештар кумакҳои башардӯстона ворид шудааст - кумак аз 61 кишвари донор аз хориҷи дуру наздик ворид шудааст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий