< Сафорати Тоҷикистон аз тағйирот дар қоидаҳои вуруд ба Русия гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафорати Тоҷикистон аз тағйирот дар қоидаҳои вуруд ба Русия гуфт

Сафорати Тоҷикистон аз тағйирот дар қоидаҳои вуруд ба Русия гуфт
 Муҳлати амали ташхиси манфии коронавирус дар Русия аз 72 ба 48 соат кам шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як эълон гуфт, минбаъд мусофирон зимни вуруд ба Русия бояд санади ташхиси коронавирусро пешниҳод кунанд, ки на пештар аз ду шабонарӯз то лаҳзаи вуруд гирифта шудааст.

Эълон дар бораи ихтисори муҳлати ташхиси коронавирус ё худ тести "ПЦР" дар саҳифаи расмии сафорат нашр гардидааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки тасмим дар бораи кам кардани муҳлати амали санади ташхисро сартабиби санитарии Русия рӯзи 4 декабр қабул карда, он аз 8 декабри соли равон мавриди амал қарор мегирад.

Таъкид шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар мекунанд, метавонанд хулосаи ташхисро бо истифодаи замимаи мобилии "Сайёҳати бидуни COVID-19" - "Путешествую без COVID-19" пешниҳод намоянд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд ва кор дар муҳоҷират сарчашмаи асосии таъминоти хонаводаҳояшон дар Ватан мебошад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий