< Ғолибияти донишҷӯи тоҷик дар Петербург миёни намояндагони 18 давлат » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ғолибияти донишҷӯи тоҷик дар Петербург миёни намояндагони 18 давлат

Ғолибияти донишҷӯи тоҷик дар Петербург миёни намояндагони 18 давлат
Натиҷаи даври саввуми интернет- олимпиадаи байналмилалии "Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон", ки авохири моҳи сентябр дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия доир гардида буд, маълум шуд.

Аз Тоҷикистон дар ин озмун, Шамил Абдураҳмонзода, донишҷӯи бахши 4 - уми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ иштирок намуд ва аз миёни 1213 донишҷӯ сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардид.

Котиботи Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, олимпиадаи мазкур аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон — давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида.

Дар олимпиада 1213 донишҷӯ аз 107 донишгоҳи 18 давлати дунё иштирок намуданд. Дар баробари донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ, инчунин муҳассилин аз донишгоҳҳои Руминия, Конга, Латвия, Сербия ва Черногория иштирок намуданд.

Озмун аз се давр иборат буда, ду давр дар Тоҷикистон ва давраи ниҳоӣ дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий