< Аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон: Толибон чанд ҳавопаймои рабудашударо баргардонданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон: Толибон чанд ҳавопаймои рабудашударо баргардонданд

Аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон: Толибон чанд ҳавопаймои рабудашударо баргардонданд
Толибон мегӯянд, чанд ҳавопаймои рабудашуда, ки халабонҳои ин кишвар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол доданд, баргардонданд, хабар медиҳад TOLOnews аз қавли Атоуллоҳ Умарӣ, фармондеҳи корпуси артиши Ал-Фатҳ, ки дар вилояти Балх мустақар аст.Маълум нест, ки Толибон аз кадом давлат ҳавопаймоҳои рабудашударо баргардонданд.

Умарӣ изҳор доштааст, ки аллакай чанд мошин бо мувофиқа бо як кишвари номаълум ба Афғонистон фиристода шудааст.

Ҳадс зада мешавад, ки ин кишвари номаълум Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.

Ёдовар мешавем, қаблан хабаргузории Avia.pro хабар дод, ки зиёда аз 60 воҳиди ҳавопаймои низомӣ аз Афғонистон хориҷ карда шуд.

Ин манбаъ қайд кард, ки халабонони собиқи Нерӯҳои Ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо аз толибон рабудаанд.

Илова бар ин, маълум гардидааст, ки халабонҳои Нерӯҳои Ҳавоии Афғонистон дар қаламрави кишварҳои дигар 19 чархболи Ми-17, 7 чархболи UH-60, 7 ҳавопаймои ҳамлаи А-29 Тукано, 17 ҳавопаймои сабукрави Cessna 209B ва 11 ҳавопаймои Pilatus-12NG-ро мустақар кардаанд.

Бино ба маълумоти Avia.pro, бархе аз воҳидҳои низомии рабудашуда дар қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир шудаанд.

Қаблан ин манбаъ хабар дода буд, ки толибон соҳиби 32 ҳавопаймои ҷангӣ ва 108 чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва ИМА шуданд.

Толибон инчунин беш аз ду ҳазор мошини зиреҳпӯш, ҳашт дронҳои тактикӣ, тӯпҳои гуногун ва аслиҳаи хурдро аз худ кардаанд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий