< Вазорати рушди иқтисод: муҳоҷирон дар Русия маошро боло мебаранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорати рушди иқтисод: муҳоҷирон дар Русия маошро боло мебаранд

Вазорати рушди иқтисод: муҳоҷирон дар Русия маошро боло мебаранд
Муҳоҷирон дар Федератсияи Русия маошро боло мебаранд. Дар ин бора зимни форуми "ВТБ Капитал" "Русия даъват мекунад!" гуфт вазири рушди иқтисодии кишвар Максим Решетников.

"Мо мебинем, ки афзоиши бештари музди меҳнат дар бахшҳое ба мушоҳида мерасад, ки дар он ҷо муҳоҷирон бештар буданд ва мутаносибан, касри қувваи корӣ бештар эҳсос мешавад", - гуфт ӯ.

Қаблан камтарин маош дар ҳамин соҳаҳо, масалан, дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмон мушоҳида мешуд. Бо вуҷуди ин, вазъият ҳоло беҳтар мешавад.

Ба гуфтаи вазири иқтисод, тақрибан 15 дарсади коргарон камтар аз ҳадди ақали музди меҳнат мегиранд, ки дар соли 2021 12 792 рублро ташкил додааст. Дар соли 2022 ба 13890 расондани он ба нақша гирифта шудааст.

Решетников гуфт, ки Русия ҳоло барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, аз ҷумла дар бахши давлатӣ "имконияти бузург" дорад.
Дар баробари ин, дар кишвар сатҳи бекорӣ ба таври ғайримуқаррарӣ паст аст, ки каме бештар аз чор фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, раҳбари Вазорати рушди иқтисод ба имкони ҷалби шумори изофӣ ба фаъолияти иқтисодӣ, масалан, аз Қафқоз ишора кард.
Қаблан дар Русия аз нақшаи даст кашидан аз кори муҳоҷир хабар дода буд.

Ба гуфтаи мутахассисон барои амалӣ намудани ин ташаббус дар баъзе минтақаҳо, бояд музди меҳнатро боло бурда, шароити мусоиди корӣ фароҳам овард, то маҳаллиён ҷои хориҷиёнро ишғол кунанд.
 


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий