< Баҳои баланди генерали тоҷик ба размоиши "Кобалт-2021" - акс » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Баҳои баланди генерали тоҷик ба размоиши "Кобалт-2021" - акс

Баҳои баланди генерали тоҷик ба размоиши "Кобалт-2021" - акс
Генерал Нозим Иброҳимзода, ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии "Кобалт-2021" ба ин размоишҳо баҳои баланд дод.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин размоиш таҳти унвони "Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ" баргузор гардид.

Манбаъ афзуд, ки дар рӯзи ҷамъбаст дар майдони сафороӣ намоиши яроқу аслиҳа барпо шуд.

Аъзои ситод баргузории чунин амалиёти дастаҷамъиро, ки ҳадафашон пешгирии амалҳои террористию безараргардонӣ мебошад, муҳим хонданд.

Нозим Иброҳимзода ба иштирокчиён барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳои муштарак изҳори сипос намуд.

"Ба иштирокчиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд, аз тарафи намояндагони аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин машқҳо воҳидҳои таъйиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва қувваҳои зудамали оперативии давлатҳои СААД - Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий