Русия аз мизони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гуфт
Беш аз 80 вилояти Русия бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд.
Дар ин бора Андрей Кутепов, раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия зимни як мизи мудаввар бахшида ба тавсеъа ва такмили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ибрози назар кард.
"Ҷониби Русия омода аст, таҷрибаи худро дар таҳияи қарорҳо дар заминаи эҷоди як шаҳри оқил ва бехатар, инчунин амнияти иттилоотӣ мубодила кунад", - таъкид кард ӯ.
Кутепов тавзеҳ дод, ки ширкаткунандагони нишаст ҳамчунин дурнамои рушди низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ ва инфрасохтори пардохт дар Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои муассир дар бахшҳои молӣ ва сармоягузорӣ бо Федератсияи Русия баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки мизи мудаввар дар чаҳорчӯби Форуми VII байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон, ки аз 10 то 11 ноябр дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, баргузор шуд.
Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистонро лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои гуногун ба ҳам мепайвандад. Дар миёни онҳо ташаббусҳо дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, иқтисод, маориф, кишоварзӣ ва бисёр дигар соҳаҳо ҳастанд.
Илова бар ин, Федератсияи Русия дар савдои берунӣ бо Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)