< Дидори вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон: Умедворӣ ба суботи Афғонистон дар нишасти Теҳрон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дидори вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон: Умедворӣ ба суботи Афғонистон дар нишасти Теҳрон

Дидори вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон: Умедворӣ ба суботи Афғонистон дар нишасти Теҳрон
Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Ба иттилои манбаъ, зимни дидор ду вазир дар бораи охирин таҳаввулоти равобити ду кишвар хусусан дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин дар ин дидор ба дидгоҳи Эрон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузур ва ширкати тамоми қавмҳои Афғонистон таъкид кард ва изҳори умедворӣ кард, ки ин дидор битавонад дар таҳқиқи хосту иродаи мардуми Афғонистон гоми муассире бардошта ва ба субот, оромиш ва тавсеаи ин кишвар кумак кунад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз даъват барои ҳузур дар нишаст ҳамсоягони Афғонистон ва ибрози хурсандӣ аз ҳузур раисиҷумҳури кишвара Эрон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳа дар иҷлоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон зарурати иҷрои кардан тавофуқоти руасои ҷумҳури ду кишвар дар хилоли дидор дар Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор дод ва сипари шудани 30 сол аз равобити ду кишварро ҳоиз аҳмият зикр кард.

Ёдрас мешавем, ки дар Теҳрон рӯзи 27 октябр дувумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор мешавад.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий