< Белорус ба Тоҷикистон кумак фиристод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Белорус ба Тоҷикистон кумак фиристод

Белорус ба Тоҷикистон кумак фиристод
Белорус ба Тоҷикистон беш аз 40 тонна кумаки башардӯстона фиристод. Дар ин бора дар шабакаи телевизионии вазорати дифои кишвар хабар дода шудааст.

"Дар фурудгоҳи Мачулишчи наҷотдиҳандагони белорус аллакай беш аз 40 тонна кумаки башардӯстонаро ба ҳавопаймои низомии нақлиётии Ил-76МД бор кардаанд", — омадааст дар хабар.

Маълум аст, ки ба Тоҷикистон генераторҳои барқӣ, хаймаҳо, ғизо ва маҳсулоти тиббӣ оварда мешаванд. Ҳавопаймои низомии Беларус ба пойгоҳи ҳавоии Айнӣ хоҳад расид. Дар ин чо уро намояндагони Кумитаи вазъияти фавкулода пешвоз мегиранд.

Пас аз он кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон фиристода мешаванд.
Вазорати мудофиаи Белорус қайд кард, ки бор аз номи Шӯрои вазирони кишвар бо ҳамоҳангии умумии Вазорати ҳолатҳои фавқулодд интиқол дода мешавад.

Таркиби кумаки башардӯстона бо ҷониби Тоҷикистон пешакӣ баррасӣ шуд. Арзиши он зиёда аз 410 ҳазор доллар аст.

Бор бо кумаки созмонҳои мухталифи Белорус ҷамъоварӣ шуд ва захираҳои моддии давлатӣ низ ба ин ташаббус ҷалб карда шуданд.




Сарчашма:sputnik-tj.com


Комментарии (0)

Оставить комментарий