Зас: СПАД ҳеҷ гоҳ Тоҷикистонро бо таҳдиди Афғонистон танҳо нахоҳад гузошт
Нерӯҳои дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар машқҳои амалиётӣ ва стратегии "Бародарии ҷангӣ - 2021" нишон доданд, ки Тоҷикистон ба таври боэътимод аз ҳамлаи террористон ҳифз шудааст, гуфт котиби генералии СПАД Станислав Зас дар машқгохи Ҳарбмайдони Точикистон, ки тамринҳо дар он ҷо ба охир расиданд.
"Нерӯҳои дастаҷамъӣ ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла бадхоҳони мо, нишон доданд, ки ин сарзамин боэътимод ҳифз карда мешавад, ҳама гуна тарсу ҳарос пахш карда мешавад ва Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бо мушкилиҳо худ танҳо нахоҳад монд. Ин ҳам яке аз ҳадафҳои машқҳо буд ва мо ба он ноил шудем", - гуфт ӯ.
Зас қайд кард, ки машқҳо ба маҳви гурӯҳҳои террористӣ, сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки воқеан вуҷуд доранд, нигаронида шудааст ва ин ҳам барои кишварҳои мо ва ҳам барои худи Афғонистон таҳдиди фаврӣ мебошад.
Ба гуфтаи дабири кулли СПАД, иштирокчиёни машқҳо амалҳои касбӣ, сатҳи хуби ҳамкорӣ ва назоратро нишон доданд, "ин ба мо имкон медиҳад хулоса барорем, ки Нерӯҳои вокуниши фаврии коллективӣ воқеан барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳама гуна ҳолат омода аст".
Дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон машқҳои СПАД баргузор шуданд. Дар се марҳилаи машқҳо – "Эшелон", "Ҷустуҷӯ" ва "Муомила" тақрибан 4 ҳазор нафар ва 500 адад техника ҷалб карда шуд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)