< Дар Душанбе ҷашнвораи синамои Ҳиндустон баргузор мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе ҷашнвораи синамои Ҳиндустон баргузор мешавад

Дар Душанбе ҷашнвораи синамои Ҳиндустон баргузор мешавад
Сафорати Ҳиндустон тасмим гирифтаст, дар Душанбе Рӯзҳои синамои ҳиндиро баргузор намояд. Дар рӯзи аввали ҷашнвора филми ҳунарии "Малика"намоиш дода мешавад

Сар аз 22 то 27 - уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи синамои Ҳинд  доир мегардад. 

Бар хабари сафарати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, мақсади баргузории ҷашнвора таҳкими муносибатҳои дӯстии ду кишвар ва шиносоии бештари синамогарони тоҷик ва мухлисони филми ҳиндӣ бо намунаҳои беҳтарини дастовардҳои синамогарони Ҳиндустон аст.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали ҷашнвора филми ҳунарии "Малика" намоиш дода мешавад.

Дар доираи фестивал ҳамарӯза соати 16:30  ва ё 17:00 дар хонаи синамои "Зебунисо"як филми ҳунарии ҳиндӣ намоиш дода мешавад. Ҳамаи филмҳо ба забони тоҷикӣ баргардонида шуда, намоиш бо дубляжи тоҷикӣ ва зернависи англисӣ сурат мегирад.

Даромад ба намоиши филм ройгон аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий