< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
16.09.2019 тахминан соати 20.15-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Хонда-СРВ”, р/д 59-46 РВ/01 шаҳрванд Бачаҷонов Мустафо Муҳаммадхуҷаевич 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Дарвоз, ҷ/д Қалайхумб, деҳ. Даробак, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Хоруғ-Кулоб-Душанбе”, воқеъ дар ҷ/д Балхобии деҳ. Мумирак аз уҳдаи идораи автомобил набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофираш, Бачаҷонова Ширинмоҳ Сафархуҷаевна 1974 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Дарвоз, ҷ/д Қалайхумб, деҳ. Даробак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда, Бачаҷонов М.М. ва дигар мусофиронаш Бачаҷонов Мирхуҷа Муҳаммадхуҷаевич 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ва Маҳмадзиёева Саида Шириновна 1970 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи вилоятии ш.Кулоб бистарӣ гардидаанд. 

17.09.2019 тахминан соати 07.00-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Опел-Астра», р/д ТҶ 40-12 02/РТ шаҳрванд Ҳусейнбоев Юсуф 1957 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Деваштич, ҷ/д Ғазантарак, деҳ. Зарнисор, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар 228-ум километр ҳудуди деҳ. Сӯфи-Орифи ш.Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба а/м тамғаи «Опел-Зафира», р/д ТҶ 45-57 КО/02 таҳти идораи ронанда, Охунов Муҳаммадалӣ Мирзоалиевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Мастчоҳ, ҷ/д Оббурдон, деҳ. Сурхкат, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири а/м тамғаи «Опел-Астра» шаҳрванд Ҷӯраева Саида Аҳмадшоевна 1953 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Деваштич, ҷ/д Ғазантарак, деҳ. Зарнисор, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий