ҚАСДАН НЕСТУ НОБУД Ё ВАЙРОН КАРДАНИ МОЛУ МУЛК
16.09.2019 тахминан соати 19.10-дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Ҷалолов Абдурабӣ Абдураҳмонович 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Овчи-Қалъача, кӯч. Баҳор дар масоҳати 95-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 22.440-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор, ин задухӯрди мусаллаҳона аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Оиди ин ҳодиса чораҳо барои оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 255 КҶ ҶТ андешида шуда истодааст.
Комментарии (0)